Гуфтугуи Эҳсон бо Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон Душмани мардум ё душмани авлод ?

 

Имруз бори дигар Раҳмонов моро "душмани миллат" ва сарзамини Тоҷикистон хонд. Ман ҷавоне будам, ки чанд сол пеш дар расонаҳои ҳукумати акси маро чоп карда таърифам мекардан. Бо гуфти худашон бо мо мефахридан. Моро ватандусту ватандор мегуфтан. Баъд мо, ки дидем хоки ватан ба дигар давлат фурухта шуд. Беҳтарин тоҷикистонии сарзаминамон кунҷи зиндон ё таги хок шудан. Ман ба худ гуфтам: Бас аст САБР !! Аз ҳамон вақт оҳиста-оҳиста муборизаро зидди реҷими диктотури сар кардам. Он вақт На Қувватовро мешинохтам на Атоввулоевро. Худам бо мардум дар интернет баҳс мекардам.. Мегуфтам Раҳмонов президенти одил нест ва уро сояи худоҳам нагуед. Хулосан мо мисли имруза баҳс мекардем. Баъд бо Умарали Қувватов шинос шудем, бо Додоҷон Атовуллоев шинос шудем. Онҳоро ҳамчу бародари тоҷик дуст доштем. Чунки ҳар як сухани онҳо ҳақ буд. Боз якҷо шуда муборизаро бо онҳо давом додем ва то имруз бурда истодаем.

Мо ҷавононро Ҳукумати "Тоҷикистон" экстремист эълон кард. Шахсан худи ман дар Тоҷикистон се "статья"( модаи ҷинои) дорам. 307 қисми 1, 307 қисми 2, 307 қисми 3. Ва шояд боз чандтои дигар паноҳи бошад. Ҳукумате, ки мо ҷавонони Тоҷикро аз ВАТАН бе ватан ��ард. Ҳукумате, ки мо ҷавонони Тоҷикро имруз ЭКСТРЕМИСТ эълон кард ва душмани миллату ВАТАН мегуяд. Боре намепурсад, ки Эй Эҳсон! Ту чаро ба ин роҳ даст зади!? Агар ин саволро ба ман медодан ман чунин ҷавобашон мегардондам: Эй бародар Эмомалӣ Раҳмон! Ин роҳ моро интихоб кард. Мо ин роҳро интихоб накардем.Биё бигуямад чихел ҳаммаш сар шуд ва чаро мухолифини ту шудем.

 Рузе Ман дар дашт ташна будем. Аз хоки он дашт чашмони ман кур буд. Гоҳе мошине омад ва маро аз дашт гирифт! Чашмони хоколуди моро кушод! Дили ғамгини моро хурсанд кард! Ва гуфт: Эй Эҳсон ТОҶИКИ!?

-Гуфтамаш тоҷикам.

Эй Эҳсон мусалмони?

-Гуфтамаш мусалмонам.

 Эй Эҳсон ту инсони ?

- Гуфтамаш ман инсонам...

Пас тоҷик боши, чаро имруз хомуши! Имруз як авлод беҳтарин миллати тоҷдорро ба Равшану джумшуд табдил дод! Имруз як авлод беҳтарин тоҷиконро ғуломи мардуми русу қазоқ! Арману озарбайҷон кард.. Ту хомуши!! Имруз як авлод беҳтарин мардҳои тоҷикро кунҷи зиндон кард, зери хоки сааард бурд! Чаро хомуши!? Боз шарм надошта худро тоҷик мегуи ?

-Ман ғамгин гуфтамаш! Эй ношинос! ғамгинам карди.. Кош маро аз дашт намегирифти...

Ношинос боз ба ман гуфт: Эй Эҳсони ноэҳсон! Садқаи ном шави ту! Эй Эҳсон худро мусалмон мегуи!? Имруз як авлод зидди дини ту мубориза мебарад. Ту хомуши! Имруз як авлод ҳиҷоби хохари туро мегирад ту хомуши! Имруз як авлод ба масҷид рафтани додари туро маън мекунад. Ту хомуши!! Имруз як авлод амри маъруфро маън мекунад ту хомуши. Имруз дустону шоирони як авлод зидди офаридгори 18 000 олам. Офаридгори ту Эҳсон шеър мехонад ва Офаридгори туро аз як кулоҳи Ленин, ки як латта аст. Аз лата паст медонад! ту боши хомуши!?

-Эй ношинос ист! Маро парто дар ин дашт... Вой бар ҳоли мани кур! Вой бар Ҳоли мани кар! Вой бар ҳоли мани номусалмон... Чаро ман хомушам! Биё бикун хомушам! Биё бикун хомушам!!! Биё бикун хомушам...

На Эҳсон. Ман намекунамат хомуш! Меояд вақтат, ту мебини сиёҳ пуш.. мегирад ҷонат ба оҳануш... ва онвақт дар ҳаёт ту мешави хомуш...

-На! На ва боз наа! Намехом бигирад ҷонам сиёҳ пуш!

Эҳсон... Эҳсонҷон. Гар нахоҳи бигирад ҷонат сиёҳ пуш давоми сухани маро бикун ту гуш... Ту мегуи ман Инсонам! Ман мегуям ту ноинсони! Ту мебини ашки чашми модарро! Ту мебини хонаи торики падарро! Ту мебини зани танҳои бародарро! Ту мебини руйхати мурдаи хамватанро! Ту мебини ва мефахми фурухтани ВАТАНРО. Ту мебини ноадолатиро дар ватан! Ту мебини ғоратзаниро дар ватан! Ту мебини шаҳидони муҳоҷиратро! Ту мебини шаҳидони зиндонҳо! Ту мегуи инсони? ё ту беимони ?

-Нааа дорам ман имон. Имон ба Аллоҳ дорам. Ту худ дори имон ба Аллох ?

 Бале ман дорам.. ва ба ту мегуям ман кистам. Маро мегуян мубориз. Маро Аллоҳ ба назди ту бифирист ва ман мешавам бо ту ҳамроҳ мекунам худро дар дили ту ҷо.. Ман бо тани ту мегуям сухан.

-Гуфтам Ё Аллоҳ. Ман муборизам ман сар шудам.. Ман муборизам ман мард шудам. Ман муборизам ман бино шудам. Дигар танҳо нестам. бо ман Аллоҳ аст. Дигар танҳо нестам бо мубориза ҳастам. ман дигар танҳо нестам бо бародарони мубориз ҳастам... Ман бо лашкари офаридгор ҳастам ва бо ин лашкар авлоди ватан фуруш, авлоди даджол, авлоди дузд, авлоди хонавайрон кун, авлоди тоҷик кушро нест мекунам!!!

Анаҳаминхел бародар Эмомалӣ Раҳмон. Шояд маънои нақли маро фаҳмед, ва агар на. Ман маънояшро бо ҳеър ба шумо мефаҳмонам, ки шеърро мисли ман як бародари “экстремист” навишта аст. Барои шумо оғои Раҳмонов, ҳама ҷавонон экстремистан, ва дуздон дуст. Инаки шеъри бародар Маъруфро мехонем.

Биёбоне пури хок буд зи чашмам хун меомад
Даруни сина дил чок буд фасли нохун меомад
Дигар чашмҳо намедиданд дигар поҳом зи кор монданд

Ҳамачо хушку қок буд на ҳеч борун меомад
Худо гуфтам бигир чонам ва ё боз кун чашмонам
Бидидам ман сорбоне бо як комюн меомад
Маро гуфт эй мусофир чаро роҳгум зади инчо

Аҷоиб одами боақл магар берун меомад

Бигуфтам ақли ман кам нест

Бигуфто ин сухан хатост
Бигуфтам на маро ғам нест

Бигуфто ин ҳама руёст

Магар мумин наи ай мард
Магар инсон наи ай сард
Магар чам дошти надиди
Захок бар миллатат чи кард
Замини меҳанат фурухт

Ҳичоби хоҳарат кашид
Ибодатгоҳоятро баст

Магар мешуд инро надид
Х, ар руз миллатат мирад
Ними зинда ғулому фақр

Агар шайтон дилат гирад
Наход нест баҳрат ҳеч фарқ
Духтари тоҷик фурушанд

Ҳамма чун гов хомушанд
Баҷои саҷдаи Аллоҳ
Ҳама бангиву майнушанд
Бигу бар халқат бедор бош

Вагарна наслат аз байн рафт
Нагу сад бор вой эй кош
Алъон мушкил баяд кард рафъ
Бигуфтам ё ҳақо курам

Надех бар чашми ман нурам
Бигир ҷонам ки бе орам

Ҳако бар ҳак сутурам
Ногаҳон чашм во кардам

Ба сорбонам нигоҳ кардам

Зи чашмонаш ашк мерехт
Бигуфтам чи хатто кардам
Бигуфт дустам Сарфарозам
Барои буданат нозам
Агар тоҷик хама чун аст

Тоҷикистони нав созам

Дар он ҳама баробаранд

Ҳама бо ҳам ёваранд
Ҳама дар дини Аллоханд
Бародаранду хоҳаранд

Аҷаб дустам хаёле буд

Намонд шаб хоб Маъруфро
Зи хушҳоли чи ҳоле буд

Бидидам хоб Юсуфро
Худоё кош рости буд
Моро Юсуфи канон дех
Ёраб ҳарчи хости буд

Моро хақ Тоҷикистон деҳ.


Сарафрози Оламафруз ( Эҳсон )

_______________________________
ПОДЕЛИТЬСЯ С ДРУЗЬЯМИ:

Добавить комментарий

Loading